19 марти соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии муқими Туркманистон, меҳмонон, ҳамватанон ва кормандони намояндагӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии идона гӯшаи фарҳангӣ бо хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ ва хони ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, намунаҳои либосҳои миллӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, асарҳои кулолӣ, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии қадимаи мардумӣ, ба намоиш гузошта шуданд.
Зимни суханронӣ сафир Ниятбекзода Вафо Алибек ба сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз тазаккури хос дод.
Ҳамзамон бобати муаррифии арзишҳои миллӣ, риояи суннатҳои анъанавии ҷашни бостонии ниёкон, ба вежа хислатҳои нексириштӣ ва башардӯстию сулҳпарваронаи Наврӯз дар раванди ҷаҳонишавии он, сухан карда шуд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ фарзандони ҳамватанон ва дипломатон бо қироати шеъру сурудҳои баҳорию наврӯзӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.