23 майи соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо ҷовонон-донишҷӯёни муассисаҳои таъсилоти олии кишварро, ки ҷиҳати иштирок дар озмуни байналмилалии “Муносибатҳои байналмилалӣ: фарҳанги муколамаи сулҳ” озими Ашқобод гардида буданд, дар саҳни Сафорат ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат роҷеъ ба аҳамияти ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ва нисбат ба сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат нисбат ба ҷавонони кишвар сухан ронд.