20 июни соли 2024, зимни сафари корӣ ба вилояти Балкани Туркманистон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо ҳокими ин вилоят Аширмиратов Хоҷамират барпо гардид.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Туркманистонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишварзӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.