Нашри мақола «Истиқлолияти Тоҷикистон ва Туркманистон - кафили таҳкими шарокати стратегӣ»

30.09.2024 12:39

9 сентябри соли 2024 ба муносибати 33-умин солгарди бузургдошти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи асосии ҳамарӯзаи давлатии Туркманистон «Туркманистони бетараф» мақола таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва Туркманистон - кафили таҳкими шарокати стратегӣ» нашр шуд.

Дар мақола дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ва пешрафти назаррас дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар таҳти роҳбарии хирадмандона ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бадастомада, инчунин динамикаи рушд ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон дарҷ гардидааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg