17 сентябри соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода, бо раиси Хадамоти давлатии муҳоҷирати Туркманистон, Аманмухаммет Сазаков мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.
