Таҷлили бузургдошти Истиқлоли давлатӣ дар Ашқобод 2024

11.10.2024 11:24

18 сентябри соли 2024 дар шаҳри Ашқобод маросими расмӣ бахшида ба таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии шодбошии худ қайд намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо кишвари дорои мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои нотакрор, балки давлати босуръат рушдёбандаест, ки барои шукуфоӣ ва субот саъй мекунад.

Таъкид гардид, ки мардуми Тоҷикистон дар тӯли 33 сол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи рушди иҷтимоӣ ва тараққиёти иқтисодиёт, мустаҳкам намудани сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат қадамҳои устувор ниҳодааст.

Зимни суханронӣ дастовардҳои дар замони истиқлолият бадастомада ва саҳми босазои Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти обу иқлим ва дигар масъалаҳо таъкид гардид. Ҳамчунин доир ба густариши бемайлони муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон ва дурнамои ояндадори он гуфта шуд.

Дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур намоишгоҳ ороста шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳӣ, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, намунаҳои ресандагиву бофандагӣ, мусаввараҳои миллӣ ва ашъёи сангину чӯбини миллӣ, кордҳои миллӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg