23 октябри соли 2024 дар ш. Ашқобод машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон вобаста ба мавзуъҳои банақшагирии сиёсати хориҷӣ, фаъолияти консулӣ ва масъалаҳои кадрӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо доир ба масоили фаъолияти таҳлилӣ дар низоми сиёсати хориҷӣ, такмили ихтисос ва тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи хидмати дипломатӣ, инчунин робитаҳои консулӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар кишварҳои хориҷӣ табодули афкори судманд анҷом доданд.
Машваратҳо дар фазои анъанавии дӯстона доир гардид.