Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

19.11.2024 10:30

16 ноябри соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон чорабинӣ, бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ, баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек дар суханронии шодбошии худ қайд кард, ки мардуми тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҷашни фархунда, рамзи меҳру муҳаббату садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои

миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.

Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон нақши муҳимми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар давлатдорӣ ва таърихи навини тоҷикон, аз ҷумла ҳимояи осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ зикр кард.

Дар анҷоми суханронӣ Сафири кишвар таъкид кард, ки Рӯзи Президент чун ҷашни фархунда ба густариши бештари худшиносиву меҳанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди Тоҷикистони азиз нерӯи тоза мебахшад.

Дар бахши дуюми чорабинӣ дипломати Сафорат Шукрулло Раҷабзода маърӯза кард.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg