13 декабри соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниятбекзода Вафо бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшанбек Алимов мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, раванди мусбати рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар тамоми самтҳои ҳамкории мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, бо қаноатмандӣ таъкид карданд.
Вохӯрӣ дар фазои дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ошкорбаёнӣ ва эътимод ҷараён гирифт.