20 декабри соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо ба агентии иттилоотии «ORIENT.tm» мусоҳиба дода, зимни он дар бораи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025, инчунин вазъият ва дурнамои муносибатҳои Точикистону Туркманистон суханронӣ намуд.
Дар раванди мусоҳиба диққати махсус ба арзёбии ҳадафҳо, вазифаҳо ва авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли оянда ва омодагӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид карда шуд.
