Нашри мақолаи «Таҳкими шарокати таъмиқи стратегӣ»

12.02.2025 11:42

12 феврали соли 2025 дар рӯзномаи асосии ҳамарӯзаи давлатии Туркманистон “Туркманистони бетараф” мақолаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниятбекзода Вафо таҳти унвони “Таҳкими шарокати таъмиқи стратегӣ” бахшида ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар нашр шуд.

Дар мақола оид ба нақши ҳамкориҳои фарҳангӣ дар мустаҳкамсозии муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Туркманистон, чорабиниҳое, ки соли гузашта бахшида ба 300-солагии шоир-мутаффакири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ мутақобилан дар қаламрави ду кишвар баргузор гардиданд, инчунин таъсири эъҷодиёти адибони бузурги тоҷику форс ба мисли Абулқосим Фирдавсӣ, Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Умари Хайём, Саъдӣ Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ба ҷаҳонбинӣ ва ашъори номбурда ибрози назар карда шуд.

Ҳамзамон дар мақола вобаста ба таъсири ашъори М.Фироқӣ ба эъҷодиёти адибони муосири Тоҷикистон таъкид гардидааст.

nashri-maqolai-safir-12-02-2025.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg