Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 700-солагии шоири бузурги тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ

24.04.2025 05:45

Ба муносибати 700-солагии шоири бузурги тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи "Рудакӣ" дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО олимону донишмандонро ба қароргоҳи созмони мазкур дар шаҳри Париж барои иштирок дар Конфронси байналмилалии илмӣ даъват менамоянд. Дар чорабинӣ мероси адабӣ, файласуфӣ ва фарҳангии Ҳофиз доир ба масъалаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт. 

? Сиға: Ҳузурӣ ва маҷозӣ

?️ Муҳлати охири номнависӣ: 15 майи соли 2025

? Забонҳо: форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ

? Асарҳои баргузида нашр мешаванд.

Мақсади Конфронс:

Чорабинӣ ба омӯзиши амиқи мероси адабӣ-файласуфии Ҳофизи Шерозӣ ва инъикоси таъсири ногусастании он ба фарҳанги ҷаҳонӣ, фикрронии руҳӣ ва тамаддуни башарият равона хоҳад гашт

Мавзуъҳои калидӣ:

- Ҷанбаҳои адабӣ ва файласуфии эъҷодиёти Ҳофиз;

- Паёми Ҳофиз оид ба таҳаммул, хайрот ва сулҳ;

- Нақши ӯ дар мубориза бо хурофоти динӣ ва мусоидат ба озодии ботинӣ;

-Таъсири Ҳофиз ба мусиқӣ, хусусан ба Шашмақом;

-Мубрамияти таълимоти Ҳофиз дар ҷаҳони муосир.

Сиғаи рӯнамо барои иштирокчиёни маҷозӣ: паёми видеоӣ то 5 дақиқа.

Талабот ба мақола: То 6000 калима (MS Word + PDF); дорои маълумоти пурра дар бораи муаллиф.

Мақолаҳои интихобшуда дар маҷмуаи махсус нашр хоҳанд шуд.

? Барои номнависӣ ва маълумот ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

rudaki1993@yahoo.com

unesco@mfa.tj

rudakiacademy.org

Телефони тамос:

+992 37 2216001

+992 37 2277516

700-solagii-Hofiz.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg