Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ дар Ашхобод.

13.05.2025 10:26

12 майи соли 2025 дар шаҳри Ашхобод, дар бинои Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон маросими тантанавии кушодашавии Тренинги минтақавӣ барои дипломатҳои ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озмуни байналмилалии “Муносибатҳои байналмилалӣ: фарҳанги муколамаи сулҳҷӯёна” доир гардид.

Чорабинии мазкурро муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ифтитоҳ дода, дар он ҳамчунин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода, корпуси муқими дипломатии кишвари иқомат, дипломатҳо ва хизматчиёни давлатии ҷавони тоҷик, ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҷавонон аз дигар кишварҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

yout.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg