Дар Ашхобод «Рӯзи ҷаҳонии футбол»-ро ҷашн гирифтанд

26.05.2025 10:24

25 майи соли 2025 дар шаҳри Ашхобод чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки намояндагони Федератсияи футболи Туркманистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода, инчунин кормандони Сафорат ва донишҷӯёни Академияи Федератсияи футболи Туркманистон баргузор гардид.

Маҳфилро бо суханони ифтитоҳӣ намояндаи Федератсияи футболи Туркманистон ва сафири Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо ин санаи муҳим дар рӯзномаи футбол табрик гуфтанд.

Хусусан, сафир дар суханронии худ оид ба таърихи ифтитоҳи Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 7 майи соли 2024 бо ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, тавассути қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шуда буд, маълумот дода, оид ба нақши созандаи футбол дар ҷомеа ва муколамаи байнидавлатӣ таъкид кард.

Сипас бозии футбол миёни иштирокчиён дар фазои дӯстона доир карда шуд.

Навор аз чорабинӣ

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg