4 октябри соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр дар саросари кишварамон ҷашн гирифта мешавад, чорабинии тантанавӣ бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии шодбошии худ зикр кард, ки мардуми тоҷик Рӯзи забони давлатиро чун ҷашни фархунда, рамзи меҳру муҳаббат ва садоқат ба забони тоҷикӣ таҷлил менамоянд.
Сипас, сафири Тоҷикистон дар бораи таърихи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он пояи давлатдории тоҷикон дар даврони муосир гузошта шудааст, сухан ронд.
Ҳамчунин дар суханронӣ таъкид карда шуд, ки забони тоҷикӣ арзиши бузурги миллӣ, пояи давлатдорӣ, нишонаи дурахшони истиқлоли сиёсӣ ва таҷассуми таърихи халқи тоҷик мебошад ва аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди забони модарӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода, баҳри таҳкими он тадбирҳои судманд андешида, барои пешбурди ин самти сиёсати миллӣ заминаи устувор фароҳам овардаанд.
Дар интиҳои баромад сафири кишвар таъкид кард, ки забони тоҷикӣ дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳии шаҳрвандон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва рушди ҷаҳонбинии сиёсиву фарҳангии аҳли ҷомеа нақши муҳим дорад.
Дар бахши дуюми чорабинӣ дӯстдорони забони давлатӣ аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик порчаҳои шеърӣ қироат карданд.




