13 нояби соли 2025 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои саноат, маҷмааи сохтмонӣ ва қувваи барқ Аннамаммедов Баймират баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои саноат, маҷмааи сохтмонӣ, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолии муштарак ва роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд ибрози андеша намуданд.
Дар ин робита, баррасии имконияти баланд бардоштани додугирифти маҳсулоти саноатӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои ояндадори тарафайн, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Туркманистон амалӣ гардонида мешаванд, мувофиқи мақсад арзёбӣ карда шуд.
