14 ноябри соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон чорабинии расмӣ, бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни суханронӣ, сафир нақши муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, аз ҷумла ҳимояи осори таърихӣ ва ҳувияти миллӣ зикр кард.
Дар ин ҷода таъкид гардид, ки мардуми тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҷашни фархунда, рамзи меҳру муҳаббат ва садоқат ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамояд.
Дар анҷоми суханронӣ таъкид карда шуд, ки Рӯзи Президент чун ҷашни фархунда ба густариши бештари худшиносиву меҳанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди Тоҷикистони азиз нерӯи тоза мебахшад.
Дар бахши дуюми чорабинӣ кормандони Сафорат бо маърузаи хеш вобаста ба мавзуъ баромад намуданд.



