Мулоқот бо раиси Раёсати Бонки давлатии Туркманистон оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷии

21.11.2025 12:20

20 ноябри соли 2025 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо раиси Раёсати Бонки давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷии кишвари иқомат Ҷепбаров Раҳимбердӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар соҳаҳои молиявиву бонкӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карда, оид ба роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд байни сохторҳои дахлдори ду кишвар ибрози андеша намуданд.

Дар ин робита, истиқрори тамоси бевоситаи пайвастаи корӣ миёни субъектҳои бонкӣ ва ташкилотҳои молиявии Тоҷикистону Туркманистон баҳри рушду равнақи амиқи шарокат дар соҳаи мазкур, мувофиқи мақсад арзёбӣ карда шуд.

jepbarov.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg