Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

24.11.2025 17:15

24 ноябри соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон, чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар саросари кишварамон бо шукӯҳу тантана ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии худ оид ба нақши парчам дар давлатдории мардуми тамаддунофари тоҷик, таърихи тасдиқи санаи ҷашни мазкур, инчунин нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини парафшонӣ ва пазироии парчами Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Сипас, кормандони Сафорат ба ҷамъшудагон маълумоти мухтасарро дар бораи хусусиятҳои хоси намуди зоҳирии парчам ва анъанаи парчамафрозӣ, ки яке аз урфу одатҳои қадимулайём нишона соҳибихтиёр ва соҳибдавлат будани мардуми тоҷик мебошад, пешниҳод намуданд.

parcham-1.jpg

parcham-2.jpg

 

parcham-3.jpg

parcham-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg