16 декабри соли 2025 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон тамошои дастаҷамъонаи паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандон ва ҳамватанони дар кишвари иқомат истиқоматкунанда доир гардид.
Пас аз анҷоми тамошо, сафир Ниятбекзода Вафо қайд намуд, ки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳарсолаи стратегии давлат мебошад, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди кишвар дар соли сипаригашта арзёбӣ гардида, самтҳои авлавитҳои рушди кишвар дар соли оянда тарҳрезӣ карда мешавад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз ҳадафҳои дар доираи паём дарҷшуда, барномаҳо ва нақшаҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори минбаъдаи Тоҷикистон таҳия хоҳанд гашт.


