21 январи соли 2026 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии кишвари иқомат Агаханов Назар танзим карда шуд.
Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар бахши савдои тарафайн ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ баррасӣ карда, оид ба роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти мутақобила ва васеъсозии тамосҳои корӣ байни сохторҳову ташкилоти дахлдори ду кишвар ибрози андеша намуданд.
Бо таъкиди болоравии ҳаҷми савдои мутақобила миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар соли сипаригашта, истиқрори робитаҳои пайвастаи тиҷоратӣ миёни соҳибкорони манфиатдори ду кишвар, инчунин қабули санадҳои дахлдор барои пешниҳоди шароити мусоид баҳри боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои иқтисодӣ, мувофиқи мақсад арзёбӣ карда шуд.

