28 январи соли 2026 дар рӯзномаи асосии ҳамарӯзаи давлатии кишвари иқомат “Туркманистони бетараф” мақолаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо таҳти унвони “Тоҷикистон ва Туркманистон – 33 соли ҳамкорӣ ва шарокати муфид”, бахшида ба 33-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, нашр гардид.
Дар мақола маълумоти муфассал оид ба раванди ташаккул, вазъи кунунӣ, ҳадафу дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон пешниҳод шудааст.
Ҳамзамон, тамаркузи мақола ба нақшу саҳми роҳбарияти олии ду кишвар дар таҳкими муносибатҳои дӯстиву рафоқат, таъмини рушди устувори сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба ва пойдории эътимоди комил байни мардуми тоҷик ва туркман равона гардидааст.
