Дар охири соли 2025, дар қасри фарҳангии “Мекан”-и шаҳри Ашқобод маҳфили тантанавии “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод: қадамҳои устувори Туркманистони бетараф” бо иштироки Ҳукумати кишвари иқомат ва корпуси муқими дипломатӣ доир карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо, барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, бо медалҳои тилоии ҷашнӣ “30-солагии бетарафии Туркманистон” сарфароз гардонида шуд.

