8 сентябри соли 2026 дар шаҳри Ашхобод ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатии Туркманистон, аз ҷумла муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев, ҳайати дипломатии муқими Ашхобод, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, васоити ахбори омма ва ҳамватанони муқими Туркманистон иштирок намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо зимни суханронии табрикотии худ аҳаммияти таърихии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои назарраси Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъкид намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории худро таҳким бахшида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодиро таъмин менамояд ва саҳми арзанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мегузорад.
Ҳамчунин, вазъи рӯ ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, дӯстии анъанавӣ ва наздикии мардумони ду кишвар асос ёфтааст, таъкид гардид.
Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ва мероси ғании таърихию фарҳангии халқи тоҷик ташкил карда шуд. Меҳмонон бо китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, либосҳои миллӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, кандакорӣ ва дигар осори фарҳангӣ шинос гардиданд.
Зимни барномаи фарҳангӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги Туркманистон бо оркестр ва асарҳои мусиқии тоҷикӣ иҷро гардида, ба чорабинӣ ҳусни идона бахшид.
Чорабинӣ бозгӯи дӯстии устувор ва рушди бемайлони муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон гардид.
Саҳифаҳои расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Инстаграм: https://www.instagram.com/tajembashgabat/
Мо дар Фейсбук: https://www.facebook.com/tajembashgabat
Мо дар Твиттер: https://x.com/Tajembashgabat