НИЯТБЕКЗОДА ВАФО АЛИБЕК

01.06.2023 11:00

НИЯТБЕКЗОДА ВАФО АЛИБЕК

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

 

1 сентябри соли 1979  дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

Солҳои 1996–2001 донишҷӯи  Донишгоҳи давлатии славянии Тоҷикистону Россия, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтисос муносибатҳои байналмиллалӣ;

Солҳои 2002–2014 - мутахассис; мутахассиси пешбар; сармутахассис; Муовини сардори Раёсати таҳлил ва пешгӯии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2014–2016 - Муовини сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз соли 2015 то майи соли 2023 - Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони СААД;

Солҳои 2016–2020 - Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 2020 то майи соли 2023- Сардори Раёсати тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 31 майи соли 2023 - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон;

 

Фаъолияти илмӣ:  зиёда аз 50 нашрияро дар адабиёти илмии ватанӣ ва хориҷӣ (бо таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, Россия, Чин, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо (геосиёсат, масъалаҳои амният, сиёсати дохилӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ) ба чоп баровардааст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg