Баррасии масоили ҳамкориҳо дар вохӯрӣ бо Вазири корҳои дохилии Туркманистон

13.07.2017 20:21

19388534-223763481476174-2043122568577255992-o_thumb.jpg13 июни соли 2017 дар доираи баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи амалисозии Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Туркманистон генерал-майори политсия Муликов Исгендер Хандурдиевич вохӯрӣ баргузор намуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар соҳаи мубодилаи ахбори оперативӣ ва оид ба ҷинояткориҳои фаромиллӣ зарур шумориданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати аз нав коркард намудани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба як қатор пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Зикр гардид, ки мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккил ҳамкориҳои муштаракро тақозо намуда, дар ин самт муносибатҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg