Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Руминия

10.12.2017 20:49

10 декабри соли 2017 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Ашқобод, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи байналмилалии нейтралитет ва ҷашни 10-умин солгарди таъсисёбии Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ, инчунин Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон идома дорад, бо Муовини вазири корҳои хориҷии Руминия ҷаноби Дан Некулаеску вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Руминия дар доираи СММ ва Иттиҳоди Аврупо мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

Ҳамзамон, ҳар ду ҷониб ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Руминия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори уммедворӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg