Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон

06.05.2021 11:37

5 майи 2021 бо ташаббуси ҷониби Туркманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид.

С.Муҳриддин ба ҳамтои худ дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва тавофуқоти ҳосилшуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ маълумот дод. Вазири корҳои хориҷии мо ҳусни нияти ҷониби Тоҷикистонро барои ҳаллуфасли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон танҳо аз тариқи гуфтушунид ва пайдо намудани роҳҳалҳои барои ҳар ду ҷониб қобили қабул бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар таъкид кард.

Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон табодули афкор карда, чораҳои амалии дарпешистода барои баргузории силсилаи чорабиниҳои дуҷонибаро, ки аз тавофуқоти сарони ду давлат зимни гуфтугӯи телефонӣ 28 апрели 2021 бармеояд, мувофиқа намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg