15 июни 2021 дар Ашқобод Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзодаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хоса ба татбиқи созишномаҳои баимзорасида зоҳир гардид.
Ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми муштарак изҳор шуд.