Қайди консулӣ

24.08.2020 15:55

«Қайди консулӣ»

Қайди консулӣ чист?

Қайди консулӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҷойи истиқомати муваққатӣ/доимӣ, ҷойи кор/таҳсил ва дигар маълумоти тамосии худро пешниҳод менамояд. Маълумоти мазкур метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ (масъалан: қатъ гардидани алоқа бо хешовандон ва наздикон)  ба хешовандони/наздикони ӯ барои барқарор намудани алоқа/тамос кумак намояд.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувақаттан ва ё дар асоси доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷумҳурии Полша ва Ҷумҳурии Чехия кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд, тавсия дода мешавад, ки худро дар Бахши консулии Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ба қайд гиранд.

Барои ба қайди консулӣ гирифтан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

  • Ариза ба номи Сафорат;
  • Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқуқнандаи шахсият (шиносномаи умумишаҳрвандии дохилӣ, шиносномаи хориҷӣ);
  • Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
  • Маълумотнома оид ба ҷойи истиқомат дар кишвари иқомат;
  • Маълумотнома аз ҷойи кор/таҳсил.

Ҳуҷҷатҳои болозикр ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон шахсан пешниҳод карда мешаванд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg