Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шуданд.
22 марти соли 2007 Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ш.Душанбе Сафоратхонаи худро боз кард.
23 марти соли 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафоратхонаи худро дар ш.Боку фаъол кард.
Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар сатҳи баланд қарор доранд. Сафарҳои расмии олимақоми раҳбарони ду кишвар аз соли 1992 то ба имрӯз ба кишварҳои ҳамдигар дар таҳкими муносибатҳои гуногунсоҳаи тарафайн такони ҷиддӣ бахшиданд.
15-16 марти соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз Тоҷикистон боздиди расмӣ кард.
13-14 августи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом дод.
11-13 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Озарбойҷон боздиди расмӣ кард;
16-17 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод;
9-11 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Озарбойҷон боздиди расмӣ кард;
Дар ҷараёни он сафарҳо принсипҳои асосии ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, нақлиёти–транзитӣ, илмию техникӣ, гуманитарии ду кишвар муқаррар ва танзим шуданд.
Такони мусбат ва самаранокро дар истифодаи васеи имкониятҳо ва густариши ҳамкориҳои бунёди иқтисодӣ ва бомуваффақияти Тоҷикистону Озарбойҷон, ки имрӯз сатҳи баланд касб кардаанд, инчунин баланд бардоштани нақши минтақавии ду кишвар, сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон мебошанд, эҷод намуданд.
Ин сафарҳо тавсеаи уфуқҳои дурнамои беҳтару хубтари муносиботи ду кишвари ба ҳам дустро ошкор карданд.
Сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи августи соли 2018 ҳамчун рӯйдоди муҳим дар рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи он сарони давлатҳо азми қавии худро ҷиҳати босубот давом додани гуфтушунидҳои зичи сиёсӣ ва рушди муносибатҳои шариконаи Тоҷикистону Озарбойҷон иброз намуданд.
Дар ҷараёни сафарҳо, мулоқотву музокироти чандкаратаи судманд байни ду давлат санадҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, нақлиёти–транзитӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ ба имзо расиданд.
Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ - ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 57 санади дуҷониба ба имзо расидааст, ки яке аз ҳуҷҷатҳои поягузор - Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 марти соли 2007 ба ҳисоб меравад.
Дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Озарбойҷон низ тайи солҳои охир ривоҷи тоза мегиранд. Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлис Ҷумҳурии Озарбойҷон гурӯҳи байнипарламентӣ фаъолият мекунад, ки нақши он дар тавсеаи ҳамкории байнипарламентии ду кишвар муассир аст.
Робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон беш аз пеш густариш меёбанд. Аз соли 2008 миёни ду кишвар Комиссияи муштараки байнидавлатии иқтисодиву тиҷоратӣ амал мекунад, ки фаъолияти назаррасе дорад.
Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои миёни идораву муассиса ва созмону ширкатҳои ду кишвар мушаххас карда шуданд, дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бузург мебошад.
То имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон чор ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шудаанд, ки дар рафти гуфтушунидҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуда, ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар самтҳои мухталиф муайян гардиданд.
Самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон металлургияи ранга, комплекси агросаноатӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия мебошанд.
Ширкатҳои тоҷикӣ бо шарикони озарии худ дар бахши нафт ва саноати кишоварзӣ ҳамкории зич барқарор намудаанд, ки ин ба таъсиси корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи Озарбойҷон имкон фароҳам меорад. Дар ин росто ҳамкорӣ бо ширкати давлатии нафти Озарбойҷон "СОКАР", инчунин бо як қатор ширкатҳои дигари Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар соҳаи нақлияёт ҳамкориҳои ду кишвар инчунин дар самти истифодаи имкониятҳои транзитии Озарбойҷон ба чашм мерасад. Ҷараёни асосии боркашонии маҳсулоти Тоҷикистон тариқи долони Фароқафқозӣ сурат мегирад.
Корхонаи ТАЛКО-и Тоҷикистон маҳсулоти алюминийи истеҳсолшударо тавассути роҳҳои баҳрӣ ва оҳани Озарбойҷон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо интиқол медиҳад. Ғайр аз ин, корҳо бобати ба таври муштарак оғоз намудани фаъолияти корхонаи гилхокбарории Ганҷа идома доранд.
Инчуниндар таърихи 29 апрели соли 2020 дар Озарбойҷон Хонаи тиҷоратии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар доираи фаъолияти ин сохтор таваҷҷуҳи хос ба фурӯши маҳсулоти саноати сабук ва кишоварзии Тоҷикистон дар бозори Озарбойҷон равона мегардад.
Аз ҷумла, дар давоми солҳо, якчанд сафарҳои кории ҳайъатҳои тоҷикистонӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва озарӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд, ки дар онҳо масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида ва ҳамзамон санадҳои муфиди ҳамкориҳои соҳавӣ оид ба маориф, мудофиа, саноат, кишоварзӣ ва ғайра ба имзо расиданд.
Ҳаҷми гардиши тиҷорати дуҷониба дар соли 2019 беш аз 6 млн.доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар шашмоҳаи соли 2020 ин нишондод ба 2,5 млн. доллари ИМА расид.
Ҳамкории илмию фарҳангии ду кишвар яке аз саҳифаҳои дурахшони равобити Тоҷикистону Озарбойҷон маҳсуб мешавад. Зеро табодули таҷрибаи донишмандон, устодон, донишҷӯён, амалӣ сохтани барномаҳои фарҳангӣ ва мусиқӣ, иштироки аҳли илму фарҳанг дар маросимҳои фарҳангӣ афзалиятҳои асосии ин муносибатҳо мебошанд.
Қаробати жанрҳои мусиқии классикии «Шашмақом»-тоҷикӣ ва «Мақом»-и озарӣ, инчунин ҳамнавоии «Фалак»-и тоҷикӣ ва «Ошиқ»-и озарӣ заминаи хуб барои чунин ҳамкориҳост. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ, аз қабили Рӯзҳо ва Ҳафтаҳои фарҳанг, намоишгоҳҳо ва ҷашнвораҳои филм, дар таҳкими равобити фарҳангӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ва қарордодҳое, ки миёни вазоратхонаҳои маорифи ҳар ду кишвар ба имзо расидаанд, ҳамкорӣ дар ин бахш назаррас аст. Айни ҳол (01.07.2020) 47 донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои мухталифи Озарбойҷон таҳсил мекунанд. Қисми бештари муҳассилин бо роҳхати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Озарбойҷон омадаанд ва аксари онҳо донишҷӯёни бахши ҳарбӣ ҳастанд. Ҳамкориҳо дар самти ҷудо кардани квотаҳои иловагӣ барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои олии Озарбойҷон идома дорад.
Шоистаи зикр аст, ки нумӯъ ва равнақи муносибот дар тамоми заминаву соҳаҳо ҳадафи муштарак ва ягона аст. Ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мо ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва дарозмуддати ду кишвар мебошанд.
Тоҷикистон ва Озарбойҷон узви як қатор созмонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, миёни кишварҳо дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, САҲА, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО), Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва ЮНЕСКО ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудаанд.
Дар сатҳи байналмилалӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои зиёди мубрам баррасӣ мегарданд, ки дар қисми зиёди онҳо мавқеъҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ба ҳам наздик мебошанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар соҳаи об аз ҷониби Озарбойҷон дастгирӣ ёфтааст.