Вохӯрии Сафир бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон

26.04.2022 16:56

21 апрели соли 2022 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон Бабаев Мухтар Баҳадур оғлу баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ муҳокимаи вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи экология, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, миёни ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати таҳияҳои лоиҳаҳои муштарак дар бахши экология ва ҳифзи муҳити зист, ташкили мулоқоти коршиносони ду кишвар, инчунин коркард ва татбиқи абзорҳои нави равобит дар ин самт табодули фаъоли афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg