13 майи соли 2022 дар Академияи дипломатии Озарбойҷон ба муносибати 30-юмин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ташабуси Намояндагӣ ва дастгирии роҳбарияти академияи мазкур чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Рӯзи Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон” баргузор гардид. Қобил ба тазаккур аст, ки чорабинӣ бо ҷалби фаъоли донишҷуёни тоҷик, ки дар муассисаи таълимии мазкур ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, баргузор шуд.
Дар ҳамоиш Ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Ҳафиз Пашаев, ноиби Ректор Фариз Исмаилзаде, инчунин устодону донишҷуёни маҳаллӣ ва хориҷии он ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки зимни чорабинӣ гӯшаи миллии Тоҷикистон бо риояи урфу одат ва анъанаю суннатҳои мардумӣ оро дода шуда, дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аксу мусаввараҳои минтақаҳои сайёҳии кишвар бо дарҷи таърихи бою фарҳанги пурғановати миллати қадимаи тоҷик ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сузанӣ ва намуна аз либосҳои гулдӯзӣ, чакан, асбобҳои мусиқӣ ба маърази тамошои меҳмонон ва донишҷуён гузошта шуд.
Инчунин як гӯшаи дигар бо дастархони тоҷикӣ иборат аз анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва шириниҳои миллӣ ороста шуд.
Зимни чорабинӣ ҳамчунин навори видеоӣ дар бораи манзараҳои ҷазоби кишвар аз қабили қуллаҳои кӯҳӣ, дарёҳо, кӯлҳо ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои таърихии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Дар охири чорабинӣ бо иштироки донишҷӯён ва меҳмонон лаҳзаи саволу ҷавоб оид ба таърихи навин, фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравии Сафорат қадрдонӣ шуданд.