3 сентябри соли 2022 дар шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинӣ бахшида ба 31-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои давлатии кишвари иқомат ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва ҳамкории кишвари мо бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ суханронӣ намуд.