Ҷашнгирии “Рӯзи кормандони хизмати дипломати”-и Тоҷикистон дар ADA

30.09.2022 14:19

29 сентябри соли 2022 бо ташабуси Сафорат дар бинои Академияи дипломатии Озарбойҷон (ADA) ба муносибати таҷлили “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” вохӯрии тантанавии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар академия мазкур таҳсил менамоянд, баргузор гардид.

Сафир зимни суханронии худ аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат ёдовар шуда, иброз намуд, ки Роҳбари давлат нахустин бор 29 сентябри соли 1993 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

Ҳоло дар Донишгоҳи ADA (Академияи дипломатии Озарбойҷон) 9 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар ин Академия таҳсил мекунанд, Тоҷикистон дар байни кишварҳои хориҷӣ дар ҷои аввал мебошад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg