22 октябри 2022 дар Маҷмааи варзишӣ-консертии ба номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Намоишгоҳи байналмилалии хайриявӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 30-умин солгарди ҳамкории Озарбойҷон ва Созмони Милали Муттаҳид, инчунин анҷоми соли сеюми раёсати Озарбойҷон дар Ҷунбиши ҳамроҳнашавӣ ва Рӯзи СММ ташкил карда шуд, иштирок намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ кӯмак ба кӯдакони имконияташон маҳдуд буд.
Дар рафти чорабинӣ намояндагиҳои дипломатии беш аз 40 кишвари хориҷӣ, ки муқими Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошанд, фурӯши намунаҳои таомҳои миллӣ ва туфаҳои хотиравӣ кишварҳояшонро бо мақсади хайрия ташкил намуданд.
Гӯшаи Тоҷикистон мувофиқи расму русуми миллӣ тарҳрезӣ шуда, аксу тасвирҳои манотиқи сайёҳии кишвар бо таъриху фарҳанги ғании мардуми бостонии тоҷик ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанӣ ва намунаҳои либосҳои миллӣ, инчунин дастархони тоҷикӣ, ки аз навъҳои гуногуни таомҳо ва шириниҳои миллӣ иборат буд, ороиш дода шуд.
Ҳамчунин ба тамошобинони намоишгоҳ филми кӯтоҳ дар бораи манзараи зебои қуллаҳои кӯҳӣ, рӯдхонаҳои пуроб, кӯлҳои покиза, ёдгориҳои таъриху фарҳангии Тоҷикистон ва мавзеъҳои таърихиву сайёҳии кишвари мо муаррифӣ гардид.
Мавод омодашудаст:
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон