Мулоқот бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон

20.09.2023 14:10

18 сентябри соли 2023 дар Боку мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ муҳтарам Мухтар Бабаев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, бахусус дар сатҳи сиёсӣ ва ҳамзамон пайгирӣ ва татбиқи мувофиқаҳо зимни сафарҳои сатҳи олӣ, тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ, танзими боздидҳо дар сатҳҳои гуногун, бахусус дар сатҳи олӣ, бо дарназардошти мақоми муҳими онҳо дар раванди рушди муносибат ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg