Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Муовини аввали Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон

28.09.2023 17:20

27 сентябри соли 2023 дар Боку вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Муовини аввали Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Элнур Алиев баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷонро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, воридоти технологияҳои нав ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои саноат ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg