Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 2-юми миллии Озарбойҷон оид ба шаҳрсозӣ

04.10.2023 09:59

Аз 29 сентябр то 1 октябри соли 2023 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дар Форуми 2-юми миллии Озарбойҷон оид ба шаҳрсозӣ, ки дар шарҳои Зангилон ва Боку баргузор гардид, ширкат варзид.

Дар Форум масъалаҳои мубрами шаҳрсозӣ, аз ҷумла мудирияти самаранок ва сармоягузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, иртибот миёни тағйирёбии иқлим ва шаҳрсозӣ, корбарии фанновариҳои нав дар ин самт ва аҳамияти шаҳрсозӣ барои рушди устувор муҳокима гардиданд.

30 сентябри соли 2023 дар ҳошияи форум ҷаласаи роҳбарони мақомоти шаҳрсозӣ ва меъморӣ барпо гардид, ки дар он Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

1 октябри соли 2023 дар чаҳорчӯби Форум мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо Раиси Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон Гулиев Анар Адил оғлу баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории мутақобил дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозиро баррасӣ намуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg