Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Мирзо бо сафари расмӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон

23.10.2023 19:04

23 октябри соли 2023 Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Мирзо бо сафари расмӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф овард, ки дар рафти он бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Ҳасанов вохӯри анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ аҳамияти чунин мулоқотҳо аз нуқтаи назари густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ қайд карда шуд. Аҳамияти мубодилаи таҷриба дар соҳаи рушди артиш ва дар соҳаи ҳарбию техникӣ махсусан таъкид шуд.

Дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон дар бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ, ҳарбӣ-таълимӣ ва як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg