Рӯзи 1 декабри соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо сардори Хадамоти давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Озарбойҷон Гусейнов Вюсал Афган оғлу баргузор гардид.
Зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи муҳоҷират мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират аз ҷумла, омӯзиш ва табодули таҷриба, мубодилаи маълумотҳои оморӣ ва иштирок дар машқҳои соҳавӣ, таъкид карданд.