Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шуданд.
Муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар рӯҳияи эҳтироми тарафайн ва шарикӣ рушд карда истодаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон фаъолияти худро 23 марти соли 2008 оғоз намуд.
Сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Вазиров (2008-2012), Саидзода Зоир Озод (2013-2017), Рустам Соли (2017-2023) буданд. Аз моҳи июли соли 2023 Илҳом Абдураҳмон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таъйин шуд.
Аз 22 сентябри соли 2007 Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Сафирони Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо буданд: Маҳаррам Алиев (2007-2009); Аббосалӣ Ҳасанов (2009-2017); Ҳасан Мамедзод (2018-2021). Аз моҳи августи соли 2021 Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Моҳи марти соли 2007, октябри соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд.
Моҳи августи соли 2007, июли соли 2012, августи соли 2018 ва моҳи ноябри соли 2023 сафарҳои расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуданд.
Моҳи апрели соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом дод, ки дар ҷараёни он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Инчунин, моҳи сентябри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Саммити Осиёи Марказӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ ташриф овард.
22-23 майи соли 2024 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Зимни сафар байни ду кишвар силсилаи созишномаҳо ба имзо расиданд, ки самтҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ муайян мекунанд. Инчунин 11 ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити СОР29 ба шаҳри Боку сафари корӣ анҷом доданд. Дар доираи иҷлоси СОР29 Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об таъсис дода шуда буд.
Айни замон заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷонро 94 санади ҳамкорӣ дар бар мегирад. Ҳуҷҷати бунёдие, ки самти стратегии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунад ин Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон (16.03.2007) инчунин Эъломияи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон (22.05.2024) мебошад.
Ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо дар чаҳорчӯби Гурӯҳи дӯстии парлумонҳо густариш меёбад.
Мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва байналмилалӣ машваратҳо баргузор мекунанд. 2 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ ва консулгарии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид. Дар натиҷаи машваратҳои сиёсӣ ва консулӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои консулӣ ба имзо расид.
Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон бо як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ танзим мешаванд.
Моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии иқтисодии «Душанбе-Инвест 2023» баргузор гардид, ки дар кори он Cарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок дошт.
20 майи соли 2024 дар шаҳри Боку Бизнес-форум баргузор шуд, ки дар натиҷаи форуми мазкур 15 созишнома ба маблағи 700 миллион доллари ШМА ба имзо расид.
Ҳаҷми гардиши савдои мутақобила миёни кишварҳо дар соли 2024 беш аз 6,5 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.
Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон бахшҳои металлургияи ранга, кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук ва нақлиёт ба ҳисоб меравад. Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётӣ ва истифодаи имконоти транзитӣ дар Озарбойҷон бахши аслии равобити иқтисодии кишварҳо ба шумор меравад. Интиқоли асосии маҳсулоти Тоҷикистон тариқи долони Транскавказ сурат мегирад.
Ҳамкорӣ бо ширкатҳои нафтии Озарбойҷон дар соҳаи иқтисодиёт ва комплекси агросаноатӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз 30 майи соли 2023 байни пойтахтҳо – Душанбе ва Боку парвозҳои мустақим оғоз шуданд.
Соли 2020 дар Озарбойҷон Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба вазифаҳои он фурӯши маҳсулоти саноати сабук ва кишоварзии Тоҷикистон дар бозори Озарбойҷон дохил мешавад.
Дар рушди ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ нақши муҳим мебозад, ки ҷаласаи 7-уми он моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Муносибатҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни ду ҷумҳурӣ сол аз сол рушд меёбад. Фарҳанги халқҳои ду кишвар аз рӯйи анъана ва тарзи зиндагӣ бо ҳам наздикӣ доранд. Кишварҳо чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили рӯзҳо ва ҳафтаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо ва фестивалҳои филмро баргузор мекунанд, ки дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ саҳми назаррас доранд. 20-23 майи соли 2024 дар шаҳрҳои Боку ва Ганҷаи Озарбойҷон-Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд.
Моҳи апрели соли 2023 шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бародаршаҳр эълон гардиданд.
Муносибатҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар дар асоси созишномаҳои байни донишгоҳҳо фаъолона рушд мекунанд. Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон зиёда аз 72 донишҷӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдорони бовариноки густариш ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ буда, дар масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ ва дигар иттиҳодияҳои байналмилаливу минтақавӣ аз мавқеъҳои ягона баромад мекунанд.
11.04.2025