Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон

08.01.2024 18:15

8 январи соли 2024 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Озарбойҷон Фарид Гаибов баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо, бахусус масъалаҳои мубрами густариши равобити дуҷониба дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷавонон муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз дошта, баҳри рушди минбаъдаи он тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg