15 январи соли 2024 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фуад Нагиев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи сайёҳӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, доир ба иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва талошҳои Ҳукумати кишвар баҳри ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии хешро дар таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз дошта, қайд намуданд, ки баҳри рушди минбаъдаи он тадбирҳои мушаххас меандешанд.