15 январи соли 2024 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Роҳбари ҳокимияти иҷроияи шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Азизов Элдар Азиз оғлу баргузор гардид.
Мақсади вохӯрӣ муҳокимаи вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боку мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо дар мавриди густариши равобит миёни пойтахтҳои ду давлат дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстӣ ва варзишӣ, танзими сафарҳо бо иштироки ҳайатҳои шаҳрҳои Душанбе ва Боку, инчунин ташкили чорабиниҳои муштарак табодули афкор сурат гирифт.