Вохӯрии Сафир бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон

18.01.2024 13:41

18 январи соли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Раиси Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Ғафарова баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар мавриди вазъи феълӣ ва рушди баъдии равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф тавассути абзорҳои байнипарлумонӣ табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои танзими сафарҳои мутақобил ва тақвияти тамосҳои корӣ байни кумитаҳо, гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои парлумонҳои ду кишвар муҳокима шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg