Таҷлили Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон дар Боку

23.02.2024 13:45

23 феврали соли 2024 дар ш. Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ва Академияи Хадамоти давлатии сарҳадии Озарбойҷон, роҳбарияти муассисаҳои олии ҳарбии  мазкур, инчунин ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар ш. Боку қарор доштанд, ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон зимни баромади худ оид ба таърихи бунёди Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва рушди минбаъдаи онҳо, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванди барои кишвар сарнавиштсоз  сухан ронда, донишҷӯёни тоҷики макотиби олии ҳарбии Озарбойҷонро ба муносибати ҷашни муҳофизони Ватан - Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон, табрик гуфт.

Дар рафти чорабинӣ аз номи роҳбарияти Вазорати мудофиа ва Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ва Академияи Хадамоти давлатии сарҳадии Озарбойҷон сипосномаҳо супорида шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg