27 феврали соли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири саноати мудофиавии Ҷумҳурии Озарбойҷон Мустафаев Вугар Валех оглу сурат гирифт.
Зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи саноати мудофиа мавриди муҳокима қарор дода, омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба иброз доштанд.