Вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарияти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Боку

23.04.2024 13:35

23 апрели соли 2024 гурӯҳи кории Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мақсади табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳо бо Сарраёсати меъморӣ ва шахрсозии шахри Боку ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф овард ва 24 апрел вохӯрии гурӯҳи кории номбурда бо Раиси Сарраёсати меъморӣ ва шахрсозии шаҳри Боку Реад Гасимов ва Сармеъмори шахри Боку Акиф Абдуллоев баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои соҳавӣ дар бахшҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ карданд. Зимни вохӯрӣ ҳамчунин доир ба масъалаҳои мухталиф дар соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ гуфтугӯҳои васеъ ва табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ меъморони тоҷик бо Нақшаи генералии рушди шаҳри Боку то соли 2040 шинос гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg