Рӯзи 7 декабри соли 2024 дар ш. Боку дар ҳошияи Конфронси байналмилалии парламентӣ дар мавзуи “Парламентаризм: анъанаҳо ва дурнамо” вохӯрии раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода бо роҳбари Гурӯҳи дустии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистони Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Айдин Мирзазаде баргузор гашт.
Дар мулоқот инчунин Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ва як қатор вакилони Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рафти густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон, зарурати вусъат додани фаъолияти Гурӯҳи дустии байнипарлумонии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар раванди мазкур муҳим арзёбӣ намуданд.

